Маводи мухаддир бар ивази шишаи арақ

Апрель 10, 2014 10:57

Хоруғ 10.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Зимни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ сокини деҳаи Вамди ноҳияи Рӯшон Фаррух Назаршоевро   бо гуноҳи марзшиканӣ ва қочоқи маводи мухаддир боздошт намуданд. 
Ҳангоми боздошт Фаррух ба гуноҳаш иқрор шуда гуфт, ки чанд муддат боз  бо Гадоалӣ ном шахс, зода ва  истиқоматкунандаи деҳаи Ҷовиди вулусволии Рӯшони Вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон робита барқарор сохта, ба додугирифти маводи нашъа машғул аст. 
     Охири моҳи  марти соли ҷорӣ Фаррух Назаршоев марзи давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ғайриқонунӣ тавассути камераи мошин убур намуда, бар ивази 15 шиша машруботи спиртӣ аз Гадоалӣ миқдори муайяни  маводи мухаддири навъи героин ва як миқдор маводи мухаддири навъи ҳашишро гирифтааст. Аммо дар бозгашт  Фаррух аз ҷониби сарҳадчиён ва кормандони мақомоти амниятӣ дастгир гардид. Дар вақти кофтуков аз ҷайби номбурда маводи ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд. 
 
 

Апрель 10, 2014 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд