Муҳоҷирони заҳролудшуда муолиҷа ёфтанд
Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрӯз, 28 апрел ҳамаи 16 муҳоҷири меҳнатӣ- шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта бо нишонаҳои заҳролудшавӣ дар беморхонаи вилоятии рақами 3 -и Челябинск бистарӣ гаштанд, муолиҷа ёфта, аз беморхона ҷавоб шуданд.
Тавре ки корманди Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР дар ҳавзаи федералии Урал Шоҳназар Табаров хабар дод, муҳоҷирони заҳролудшуда сокинони ноҳияҳои Ховалинг, Ҳамадонӣ, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа буда, дар яке аз корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти оҳану бетони шаҳри Челябинск фаъолият доштаанд.
Дар натиҷаи тафтишҳо маълум гардид, ки дар хобгоҳи назди корхонае, ки муҳоҷирон зиндагӣ мекарданд, ҳамаи шароити зист муҳайё буда, тамоми хӯроквориҳо дар яхдон нигоҳ дошта мешуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






