Муҳокимаи масоили ташкили хушсифати ҳаракат дар роҳ
Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина Пасторова). — Имрӯз, 23 апрел, дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи лоиҳаи Барномаи рушди СММ – «Дастгирии идораи устувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» семинар аз рӯи масоили идораи роҳ ва рӯи кор овардани аломатҳо барои велосипедронони пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид.
Иштирокдорони асосии семинар — роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии «Автобус – 1», «Автобус – 2», «Автобус – 3», «Троллейбус», ҳамчунин намояндагони Ҳукумати пойтахт, Корхонаи воҳиди давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон», Бозрасии давлатии автомобили шаҳри Душанбе ва муассисаҳои дигари пойтахт имкон доштанд, ки усулҳои идораи самарабахши ҳаракат дар роҳ ва рӯи кор овардани аломатҳо барои велосипедрононро омӯхта, ҳамчунин бо таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ дар ин росто шинос шаванд.
Иштирокдорони семинар ҳамчунин масъалаи гузоштани аломатҳо барои нақлиёти ҷамъиятӣ, низоми фурӯши чиптаҳо ва фаъолияти маркази диспетчериро мавриди муҳокима қарор доданд.
Хотирнишон месозем, ки мақсад аз лоиҳаи «Дастгирии идораи устувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» иборат аз коҳиш додани теъдоди партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва буғу бухор ба ҳаво, беҳдошти дастрасии ҳамаи сокинони шаҳри Душанбе ба хидматрасонии хушсифати нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






