Муҳокимаи проблемаҳои муҳими бахши косибӣ

Апрель 11, 2014 11:20

Душанбе, 11.04.2014. (АМИТ «Ховар ). –  10  апрел Иттифоқи  косибони  Тоҷикистон  дар  шаҳри  Душанбе  мизи  мудаввар дар  мавзӯи «Проблемаҳои  муҳими  бахши  косибии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»,  — ро  доир  намуд,  ки дар  ҳошияи он  масоили  муҳими  бахши  косибии ҷумҳурӣ  мавриди  муҳокима   қарор  гирифтанд.
Тавре  ки  аз  намояндагии Иттиҳоди  Аврупо   дар  Тоҷикистон  хабар  доданд,  дар  ҷараёни  кори  мизи  мудаввар  ҳамчунин  мақсаду  вазифаҳои  лоиҳаи «Косибӣ ва  тиҷорат бо  василаи  ҳамгироии  минтақавӣ ва бозори  савдои  одилона»,  ки онро Иттиҳоди  Аврупо  дар  чаҳорчӯбаи   барномаи Осиёи  Марказӣ Инвест  маблағгузорӣ  мекунад, баррасӣ  шуданд. Бархе   масоили  муҳими  бахши  косибӣ  ҷиҳати  танзими давлатии фаъолияти косибони Ҷумҳурии   Тоҷикистон  низ  мавриди  муҳокима қарор  гирифтанд. 
Сардори шуъбаи Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон Сайёра  Абдуллоева ба  косибон  пешниҳод  намуд, ки  дар  ҳошияи  фаъолияти  Палатаи  савдо  ва  саноат  дар ярмаркаҳои байналмилалӣ иштирок  кунанд.
Дар  ҷараёни  кори мизи  мудаввар  косибони Тоҷикистон,  ҳамчунин   роҳбарони  созмонҳои  онҳо  дар  мавриди  фаъолияти иттиҳодияҳои  косибон ва мушкилоти  фаъолияти онҳо сухан  ронданд.
Хотирнишон  месозем, ки  Иттифоқи  косибони  Тоҷикистон сол  2012 ба  ҳайси созмони ҷамъиятие таъсис  ёфта  буд, ки  косибону  созмонҳои  бахши  косибиро  дар бар  гирифта,  ба  фароҳам  овардани  шароити  рушди  иқтисодию  иҷтимоии косибони  ҷумҳурӣ  мусоидат  мекунад. 

Апрель 11, 2014 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад