Муаррифии адабу фарҳанги тоҷик дар Коҳираи Миср
Душанбе, 16 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Арабшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология, профессор Саидраҳмон Сулаймонов дар конфронси байналмилалии «Арабикунонии илму техника дар шароити ҷаҳонишавӣ», ки дар Академияи забони арабии Қоҳира баргузор гардид, иштирок намуда, Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Арабшиноси тоҷик Саидраҳмон Сулаймонов дар ин ҳамоиши байналмилалӣ роҷеъ ба таъсири забони арабӣ ба забони тоҷикӣ ва таъсири мутақобили забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар тӯли таърихи зиёда аз 1300 сол, саҳми донишмандони тоҷику форс дар рушди фарҳанги исломӣ ва ҷаҳон, вазъи забонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ маърӯза намуда, доир ба арабишиносӣ ва чашмандоз ба дурнамои он дар Тоҷикистон табодули назар намуд. Мавриди зикр аст, ки арабшиноси тоҷик барои хизматҳояш дар таълифи «Фарҳанги шомили забони арабӣ», тарҷумаи асари мутафаккирони форсу тоҷик, хусусан Ибни Сино аз забони арабӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, дар соли 2013 узви вобастаи ин муассисаи бонуфузи ҷаҳони ислом гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






