Мубодилаи афкор байни донишҷӯёни тоҷики Русия ва Тоҷикистон
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Рӯзи 22 — юми майи соли ҷорӣ Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти шиори «Тоҷикистон — кишвари ҷавонон» таҷлил хоҳад шуд.
Дар робита ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузории якчанд чорабинӣ, аз қабили ташкили ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ, озмуни «Ҳамшираи шафқати беҳтарин», конфронси мустақим ва мубодилаи афкор байни донишҷӯёни тоҷики Федератсияи Русия ва Тоҷикистон оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон тавассути шабакаи интернетӣ, дави миллӣ, мусобиқа оид ба шиноварӣ, маҳфили «Сайри ҷавонӣ» дар ноҳияи Шаҳристон дар назар аст.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






