Мулоқоти Иттиҳоди ташхисгарон дар Маскав

Апрель 26, 2014 10:45

Душанбе, 26.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -24 апрели соли 2014 дар Маскав мулоқоти Иттиҳоди ташхисгарон дар мавзӯи “Коҳиши сатҳи ҷиноят дар сафи ҷавонон тавассути паст кардани талаботи маводи нашъаовар дар асоси офият ва аз нав иҷтимоигардонии истеъмолкунандагони маводи нашъаовар” баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти АНМН хабар медиҳад, чорабинӣ бо мақсади омода намудани вохӯрии вазирон- сарони идораҳои зиддимухаддиротӣ ташкил шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагони идораҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ ва як силсила ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, Созмони ҳамкории Шанхай, СААД иштирок намуданд. 
Дар мулоқот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Н. Алиёрова иштирок намуд.  
-Иштирокчиёни вохӯрӣ як силсила масъалаҳои вобаста ба механизми сиёсати зиддимухаддиротӣ дар соҳаи пешгирӣ, офият ва аз нав иҷтимоигардонии истеъмолкунандагони маводи нашъаовар, арзёбии самараноки стратегияи миллӣ дар соҳаи коҳиши талабот ба маводи нашъаовар ва коркарди тавсия оид ба баланд бардоштани самарабахшии онро баррасӣ карданд, — хабар дод сарчашма.
 
 
 
 

Апрель 26, 2014 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд