Мулоқоти масъулини Кумитаи ҷавонон бо сарбозон
Душанбе, 4.04.2014.(АМИТ «Ховар).- Аз 25-уми март то 4-уми апрели соли ҷорӣ муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Кабирҷон Ҷӯраев ва масъули бахши ватанпарастӣ Иброҳим Мирзоев бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии шаҳру навоҳии Истаравшан, Ғончӣ, Спитамен, Хуҷанд, Чкалов, Мастчоҳ, Ашт ва Исфараи вилояти Суғд суҳбату мулоқот анҷом доданд. Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, чорабинӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки кумита бо Сарраёсати қўшунҳои сарҳадӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, Иттифоқи мустақили собиқадорон ва нафақахӯрони Қўшунҳои сарҳадӣ ва Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори ҷумҳурӣ дар самти баланд бардоштани тарбияи ватандўстии ҷавонон доир гардид. -Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллии насли ҷавон аст, зеро рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии ҷомеаи мо аз ҷавонони бомаърифат ва хештаншиносу ватандўст вобастагӣ дорад, -зикр шуд дар мулоқот.Дар мулоқот ба 100 нафар сарбоз маҷмўи маводи гигиенӣ барои хизмати намунавӣ аз ҷониби кумита тақдим гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






