Мулоқоти ректори ДМТ бо толибилмони Хуҷанд
Хуҷанд, 05.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии роҳбарияти Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон бо хатмкунандагони мактабҳои шаҳр доир гардид. Дар вохӯрӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомов ва чанд устоду масъули ин муассисаи таълимии олии кишвар иштирок доштанд. Мақсади чорабинии мазкур- ин ошно намудани хонандагони синфҳои болоии мактабҳои маркази вилоят – Хуҷандшаҳр бо сатҳу сифати таълим дар ин боргоҳи илм буд.
Ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (ДМТ) Маҳмадюсуф Имомов зикр кард, ки ДМТ яке аз марказҳои таълимию илмии бонуфузи кишвар ба ҳисоб рафта, он барои тақвияту такмили донишу маҳорат ва истеъдоди донишҷӯёни худ мактаби пурқувватро доро буда, алъон дар 17 факултаи он аз рӯи 92 ихтисос таълим дода мешавад.
Дар вохӯрӣ шаҳрдори Хуҷанд изҳори умедворӣ намуд, ки хонандагони болаёқати дабиристонҳои шаҳр пас аз хатм таҳсили худро дар қатори дигар макотиби олии кишвар дар ин макони бонуфузи маърифату илм идома хоҳанд дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






