Мулоқоти Ш. Саид бо Б.Чесноков

Апрель 23, 2014 15:34

Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Кристина  Эрлих). —  22  апрел   раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон Шариф  Саид бо  ҳайати тиҷоратию  иқтисодии   намояндагони  корхонаҳои кишвари  Олтой  бо   роҳбарии  Президенти  Палатаи  савдо  ва  саноати  ин  кишвар  Борис  Чесноков  мулоқот  анҷом дод. 
Тавре  ки  аз   маркази  матбуоти  ПСС  ҶТ   ба   АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки   мақсади  асосии  мулоқот  иборат  аз  таҳкими  ҳамкории байни соҳибкорони  ҳар  ду  кишвар,  ҷалби  сармояҳо,  дарёфти  мушорикон,  муҳокимаи  масоили ҳамкорӣ  ва  самтҳои  дурнамо  буд. 
— Кишвари  Олтой  дар  равобити  тиҷоратию иқтисодии байналмилалии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мақоми  хоса  дорад,  гуфт  раиси ПСС ҶТ  Шариф  Саид. – Пеш  аз  ҳама  мехостам, ки  сатҳи баланди  боварӣ  ва  заминаи  мустаҳками  ҳамкории  байни палатаҳои  ҳар  ду  кишварро  қайд  намоям.
Ба  гуфтаи  раиси  ПСС ҶТ, имрӯз муносибатҳои  тиҷоратию  иқтисодии  Русия  ва  Тоҷикистон  босуръат  рушду  густариш меёбанд. Вақтҳои  охир  ҳар  ду  ҷониб  барои  фароҳам овардани  шароити  густариши  минбаъдаи  ҳамкории  иқтисодӣ,  ҷалби  сармояҳои  Русия  ба иқтисодиёти  Тоҷикистон  ва  бунёди  корхонаҳои  муштарак саъю  кӯшиш  менамоянд.
Борис  Чесноков  дар  навбати  худ  зикр намуд, ки  палатаҳои  савдо  ва  саноати кишвари  Олтой  ва  Тоҷикистон  барои  таҳкиму  густариши  ҳамкории тиҷоратию  иқтисодӣ қувваи  худро  дареғ  намедоранд. 
Борис  Чесноков  ҳамчунин  иброз  дошт, ки Тоҷикистон  аз рӯи  ҳаҷми   муомилоти  мол  дар  байни  кишварҳои  ИДМ  сеюмин  шарики тиҷоратию  иқтисодии  кишвари  Олтой  ба шумор рафта, аз рӯи  натиҷаи  соли  2013  саҳми он  ба  муомилоти  мол  3,5  фоизро ташкил  дод.

Апрель 23, 2014 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд