Мулоқоти Ш. Саид бо роҳбарияти ГШ «Таҷаддуд — Тоҷикистон»
Душанбе, 07.04.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). — Чанде пеш раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо директории генералии гурӯҳи ширкатҳои «Таҷаддуд — Тоҷикистон» Карэн Терренян, роҳбари Лоиҳаи «Таҷаддуд – Арабистони Саудӣ – Туркманистон – Афғонистон — Тоҷикистон» Алексей Токади ва роҳбари маъмурияти «Таҷаддуд – Арабистони Саудӣ – Туркманистон — Афғонистон – Тоҷикистон», намояндаи Палатаи савдо ва саноати ҶТ дар Афғонистон Аҳлиддин Шоев сӯҳбат намуд.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни сӯҳбат масоили рушду густариши ҳамкории дуҷониба дар бахши сохтмони роҳҳо ва нақбу пулҳо, ҳамчунин эъмори муассисаю корхонаҳои саноатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зикр шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба бозори Тоҷикистон ворид шудани гурӯҳи ширкатҳои «Таҷаддуд» — и Русияро ба дараҷаи баланд арзёбӣ менамояд. Тоҷикистон роҳҳои мошингард ва пулу нақбҳоро бо суръати баланд бунёд мекунад. Мувофиқи суханони раиси ПСС ҶТ, ҳамаи ин натиҷаи ба шабакаи ҷаҳонии боркашонии автомобилӣ ворид шудани кишвар аст.
Раиси ПСС ҶТ ҳамчунин изҳор дошт, ки дар оянда таъсис додани Шӯрои аҳли тиҷорати Русия ва Тоҷикистон ба рушди ҳамкории дуҷониба, ба бозори Тоҷикистон ворид шудани ширкатҳои боэътимоди Русия, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, бунёди корхонаҳои муштарак ва ғайра мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






