Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 5.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- Бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон, бегоҳии 4 апрели соли 2014 дар шаҳри Москва, дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев доир гардид.
Дар рафти суҳбати самимона, тарафҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Кирғизистон ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва масъалаҳои сарҳадӣ ва наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин, масъалаҳои вобаста ба амалисозии созишҳои бадастомадаи сарони ду кишвар, Қарорҳо ва Протоколҳои Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсози Тоҷикистону Қирғизистон, комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ табодули назар намудаанд.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






