Муноқишаи аъзои Ҳизби Наҳзати Ислом дар Хоруғ
Душанбе. 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Мувофиқи гузориши корманди шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ рӯзи 28 апрел, соати 14:00, дар утоқи кории Ҳизби Наҳзати Ислом дар шаҳри Хоруғ, миёни аъзои ҳизби номбурда муноқиша ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъ, ҳангоми тафтиши милитсия маълум гардид, ки миёни муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумари Ҳусайнӣ ва собиқ раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар шаҳри Хоруғ Булбулов Асрор Имомбердиевич ва аъзои ин ҳизб муноқиша ба миён омадааст.
«Собиқ раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар шаҳри Хоруғ Булбулов Асрор Имомбердиевич ба кормандони милитсия арз намуд, ки муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумари Ҳусайнӣ ва раиси дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шонаими Карим ба воситаи баромади худ дар дигар минтақаҳо мардуми Бадахшонро бо гапҳои пасту баланд таҳқир намудаанд. Бинобар ин, мо аъзои Ҳизби Наҳзати Ислом ба Бадахшон рафта, ӯро маҷбур сохтем, ки аз мардуми Бадахшон узр пурсад»,- зикр менамояд сарчашма.
Ҳамчунин манбаъ таъкид менамояд, ки худи муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумари Ҳусайнӣ ва раиси дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шонаими Карим ба ШВКД ҳозир нашуданд ва ягон арзу шикоят накарданд.
Оид ба маводи ҷамъовардашуда қарори лозимӣ қабул гардида, барои мувофиқа ба Прокуратураи шаҳри Хоруғ фиристода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






