Мусодираи беш аз 11 кг афюн

Апрель 1, 2014 09:20

Душанбе, 1.04. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Кормандони милитсия ду шаҳрванди ҷумҳуриро бо ҷурми нашъаҷаллобӣ дастгир карданд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ додааст.
   Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи корҳои дохилии  ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун гумонбар дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди 30- сола Аҳлиддин Сафаров, сокини шаҳри Душанберо дастгир карданд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 10 кг 858 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара бо 970 грамм маводи нашъадори афюн шаҳрванди 44- сола Мирзоалӣ Ғуломов, сокини ҳамин ноҳия дастгир гардид.
Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
 

Апрель 1, 2014 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш