Мувофиқаи барномаҳои миёнамуҳлат

Апрель 17, 2014 09:33

Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 16 апрели соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини аввали вазир Неъматҷон Бӯриев бо ҳайати коршиносони Бонки рушди Авруосиё-мудирияти маблағҳои Хазинаи зиддибуҳронӣ таҳти роҳбарии Алишер Мирзоев баргузор гардид. 
Дар  вохӯрӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли сипаригашта, омилҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар, дурнамои рушди иқтисодиёт дар ояндаи миёнамуҳлат, ислоҳот ва дигаргуниҳо баъди воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Савдо, фаъолияти бонкҳо ва низоми қарздиҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти вазорат, тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо барои мувофиқа намудани барномаҳои миёнамуҳлат баён доштанд ва дар назар аст, барои татбиқи онҳо аз ҷониби Хазинаи зиддибуҳронӣ қарзи молиявӣ пешниҳод шавад. 
 
 

Апрель 17, 2014 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд