Нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоӣ иҷро гардид

Апрель 15, 2014 15:07

       Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ ҷаласаи мушовараи агентӣ аз рўи ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли 2014 баргузор гардид.
Иҷрои нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба андозаи 463,6 млн.сомонӣ, яъне 100,02 фоиз таъмин гардида, маблағгузории пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоии марбути низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботӣ 458,4 млн.сомониро ташкил дод.
Бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷиҳати солимгардонии меҳнаткашон ва аъзои оилаи онҳо дар семоҳаи якуми соли 2014 ба маблағи 446,6 ҳазор сомонӣ ба мақомоти мазкур маблағ гузаронида шуд 
Гуфта шуд, ки ҷиҳати ҷуброни хароҷоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои хизматрасонӣ ба нафақагирон дар давоми се моҳи соли равон 8 млн.сомонӣ маблағгузорӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 млн сомонӣ ё 4,4 маротиба афзоиш ёфтааст.   
Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати маблағгузории самтҳои сиёсати шуғл ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ маблағи 2,2 млн.сомонӣ гузаронида шуд.
Аз рўи ҳисоботи фаврӣ шумораи умумии нафақагирон то ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 614 ҳазору 751 нафар ва андозаи миёнаи нафақа дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 228,35 сомониро ташкил намуд
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.        
 

Апрель 15, 2014 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд