Нақшаи даъват ба хизмат 73% иҷро гардид
Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар 25 рӯз аз оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, беш аз 10 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, 6 ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ду комиссариати ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд. Дар миёни шаҳру навоҳии мамлакат гарнизони Бадахшон ва вилояти Хатлон аз ҳама минтақаҳо дида пешсаф буда, чорабиниҳои даъватӣ дар ин минтақаҳо дар сатҳи лозимӣ ба роҳ монда шудаанд.
Бино ба иттилои Вазорати мудофиа, дар давоми 5 рӯзи ин чорабинии муҳими сиёсӣ мақомоти масъули вобастаи даъватии ноҳияҳои Носири Хусрав ва Мурғоб аввалин шуда дар ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд. Иҷрои нақша дар вилояти Суғд 54 %, дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ 73% ва дар чаҳор навоҳии пойтахт дар давоми 25 рӯз беш аз 60 фоизро ташкил медиҳад. Аз оғоз то имрӯз иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ ба 73% баробар аст. Ба мисли ноҳияи Носири Хусрав то имрӯз фаъолияти хубу назарраси бисёре аз комиссияҳои вобастаи вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Норак, ноҳияҳои Балҷувону Темурмалик, Сарбанд, шаҳри Қурғонтеппа ва Ховалингу Хуросон дар самти гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ намунавӣ мебошад. Ин шаҳру ноҳияҳо то 22-юми апрел аз иҷрои пурраи нақшаи даъват дар ин минтақа гузориш доданд. Ҳамин тариқ, ноҳияҳои Рашту Ҷиргатоли тобеи марказ ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ғайр аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа дигар ҳама навоҳии он иҷрои нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






