Намоишгоҳи дастовардҳои илмӣ дар ДМИТ
Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бахшида ба 20-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва 90-солагии шаҳри Душанбе дирӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) намоишгоҳи дастовардҳои илмии устодону донишҷӯён баргузор гардид. Дар он дастовардҳои илмии тамоми факултаҳои донишкада, аз қабили китобҳои дарсӣ, монографияҳо, васоити таълимӣ ва методӣ, силлабус (маҷмӯи ҳуҷҷатҳою асарҳо) ва лоиҳаҳои татбиқгашта ба маърази тамошо гузошта шуд. Аз намоишгоҳ муовини раиси ҲХДТ дар ноҳияи Сино Ёқубҷон Гадоев, устодону донишҷӯён ва дигар намояндагони ҳизб дидан карда, ба пешравиҳои илмии пешниҳодгардида баҳои баланд доданд. Махсусан лоиҳаҳои устодону донишҷӯёни факултаи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб намуд. Аз ҷумла, лоиҳаи «Системаи иттилоотии идоракунии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки маълумоти 3 ҳазору 400 мактаби ҷумҳуриро дар бар гирифта, барои осон намудани кор мусоидат менамояд, қобили таҳсин аст. Яке аз муаллифони ин лоиҳа муовини декан оид ба илми факултаи мазкур Исо Саидов мебошад. Ба ғайр аз ин, аз тарафи ин олими ҷавони ихтироъкор лоиҳаи дигари ҷолибу муҳим-«Луғати электронии тафсирии тоҷикӣ — русӣ — англисӣ» пешниҳод гардида, он мавриди истифодаи умум қарор дорад.
Ҳамчунин дар намоишгоҳ лоиҳаҳои Далер Мусоев, донишҷӯи курси 2 факултаи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо таҳияи сомонаи факултаи мазкур ва Л. Мачитиев донишҷӯи курси 3 ҳамин факулта дизайнери автоматиро тартиб додааст, ки барои сохтани банер дар сомона хизмат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин нақшаи чорабиниҳо ҳамзамон мизи мудаввар ва байни дастаи футболбозони факултаҳо мусобиқа баргузор мегардад.
Тавре ки аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории намоишгоҳи мазкур дастгирии олимону ихтироъкорон буда, он барои дарёфти чеҳраҳои нав мусоидат менамояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






