Намоиши аксҳои Агентии иттилоотии «Синхуа»
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Агентии иттилоотии «Синхуа», Маркази Конфутсия дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистону Чин», Корхонаи муштараки «Зарафшон», ҶДММ «Хуасин Ғаюр Семент» таҳти унвони «Дурнамои рушди роҳи нави абрешим» намоиши аксҳо доир гардид. Дар маросими кушодашавии намоишгоҳ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун, ҷонишини директори генералии Агентии иттилоотии «Синхуа», вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков, муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев ва дигарон иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Хуршед Зиёев ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун ва директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимов дар мавриди ҳадафи баргузории намоиши аксҳо сухан гуфта, зикр намуданд, ки Чин шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон мебошад. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи фарҳанг ва маориф тараққӣ ёфта, муносибатҳои дӯстии байни ин ду кишвар боз ҳам қавитар мегарданд. Инчунин сафир афзуд, ки: «Ман бо минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ошно шудам ва дар оянда Тоҷикистон метавонад аз нафту сӯзишвории босифати худ истифода барад. Мо дар Тоҷикистон бо лоиҳаҳои бисёре дар соҳаи энергетика ва саноат кор карда истодаем».
Дар намоиши имрӯзаи Агентии иттилоотии Синхуа аксҳо аз муносибатҳои дипломатӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва сиёсии ду кишвар ба намоиш гузошта шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Агентии иттилоотии «Синхуа» ин агентии расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, маркази калони иттилоот ва муошират мебошад . Имрӯз агентӣ дар дар тамоми ҷаҳон бо ҳафт забон иттилоотро паҳн менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи фарҳангии Чин фаъолият дорад, ки ҳамагонро бо фарҳанг, тамаддун ва таърихи бои ниёгони мардуми Чин ошно месозад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






