Нархи чиптаҳои Сирки давлатӣ муайян шуд

Апрель 4, 2014 12:09

Душанбе, 04.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Екатерина  Пасторова). —  Мувофиқи  маълумоти роҳбарияти  Сирки давлатии  Тоҷикистон,   арзиши  чиптаҳои намоиши ҳунармандони  сирки  филҳои  Лаҳистон  аз  20  то  80  сомониро ташкил  медиҳад. 
Тавре  ки дар Сирки  давлатӣ  изҳор  доштанд, «арзиши  чиптаҳо  вобаста ба қатору  бахшҳои толори  бинои  сирк  буда, нархи қаторҳои  аввали  толор  80  сомонӣ,  мобайни толор  40  сомонӣ,  гӯшаҳои он  30  сомонӣ ва қаторҳои  ақиби  он 20  сомониро ташкил  медиҳанд».
Фурӯши  чиптаҳо  аллакай  оғоз  ёфтааст.  Хотирнишон  месозем, ки  нахустнамоиши  ҳунармандони сирки Лаҳистон  5  апрел  оғоз ёфта,  то 18  май  давом  мекунад.

Апрель 4, 2014 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд