Натиҷаҳои сафари расмии С. Аслов ба Озарбойҷон

Апрель 3, 2014 17:31

 Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар»). -2-3 апрели соли 2014 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гашт.Дар доираи сафари расмӣ мулоқотҳои Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Элмар Мамедъяров ва Вазири иқтисод ва саноат, Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба хамкориҳои иқтисодӣ Шоҳин Мустафоев баргузор гардиданд. Инчунин Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқотҳо ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масъалаҳои мубрам ва ҷанбаъҳои сиёсии ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.Тарафҳо иброз доштанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар заминаи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва шарикии стратегӣ асос ёфта, муколамаи сиёсии сатҳи олӣ онҳоро бештар тақвият мебахшанд.Дар рафти вохӯрӣ, инчунин раванди иҷрои қарордодҳои дар сатҳи олӣ бадастомада ва санадҳои дуҷонибаи дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ имзошуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Дар анҷоми гуфтушуниди вазирони корҳои хориҷӣ Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Озарбойҷон барои солҳои 2014-2015 ба имзо расонида шуд.
 

 

Апрель 3, 2014 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад