Наздики 8 кг афюн дар дохили «Lexus RХ-350»
Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар ҳудуди маҳаллаи Мирзобеки ноҳияи Шоҳмансур бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрвандон Дилшод Лақаев, соли таваллудаш 1974, сокини маҳаллаи Гулбуттаи пойтахт ва сокини 36- солаи ноҳияи Фархор Ҷамшед Юсуфов дастгир гардиданд.
Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки, ки зимни кофтукови мошини тамғаи «Lexus RХ-350», ки таҳти идораи Дилшод Лақаев қарор дошт, аз дохили он 7 кг 930 грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






