Оғози ҷаласаи вазирони дифои СҲШ
Душанбе, 1.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 1-уми апрел ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ба кори худ оғоз намуд.
Бар пояи иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа ҳайатҳои низомии Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон таҳти роҳбарии вазирони дифои ин кишварҳо Шералӣ Мирзо, Сергей Шойгу, Чан Вансуюан, Адилбек Ҷаксибеков, Таалайбек Омуралиев ва ҳайати низомии Ўзбекистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири дифои ин кишвар Баҳодур Тошматов ширкат доранд.
Ба иттилои манбаъ зимни ҷаласа миёни вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир ба ҳамкориҳои ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, мубодила ва омодасозии кадрҳо ва дигар масоили вобаста ба амнияти минтақа мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






