Оғози ирсоли Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ
Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ирсоли Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ин кор дар ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки дар Маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат идома дорад, сурат мегирад.
Роҳбарияти парлумон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти оғози ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бинои Маҷлиси Олӣ ба ҷо оварда, барои шунидани паёми навбатии Президенти кишвар ба толори калони Кохи Ваҳдат ташриф оварданд.
Дар толор, ҳамчунин Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, мақомоти марказии судӣ ва дигар идораҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарони корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, ширкатҳои фаъолу соҳибнуфузи хусусӣ, намояндагони ҳайати дипломатӣ, воситаҳои ахбори умум ва дигар шахсони масъул ҷамъ омадаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо паёми навбатии худ ба парлумони кишвар корҳои то ҳол анҷомёфта ва вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои оянда муайяну мушаххас менамояд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






