Оғози навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Сирдарё
Душанбе, 2.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ба навсозии куллии роҳи мошингарди кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд оғози расмӣ бахшид.
Тавре зикр гардид, солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозии роҳҳои мошингард авҷи тоза пайдо намудааст.
Танҳо дар соли 2013 30 км роҳҳои мошингарди шаҳри Хуҷанд мавриди навсозӣ қарор гирифтаанд. Соли 2014 бошад навсозии 116 км роҳҳои дохилии шаҳри Хуҷанд дар нақша аст. Ин миқдор роҳҳо бо харҷи 40 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва аз соҳибкорону аҳолии саҳмгузор бояд аз нав обод шаванд. Навсозии роҳҳои шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ширкатҳои ватании Суғд роҳсоз, Хуҷанд роҳсоз ва Сомон роҳсоз анҷом меёбад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






