Омодагӣ ба ҷашни ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Апрель 11, 2014 11:21

Душанбе, 11.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Фарзона  Достонзода). – Дар  ҳошияи  нақшаи   чорабиниҳои  асосӣ барои  тайёрӣ ва таҷлили  70 – умин  солгарди Ғалабаи  халқи  шӯравӣ  дар  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  дар  нимаи  аввали  соли  2015  дар  шаҳри  Душанбе як  қатор  чорабиниҳо роҳандозӣ  мешаванд.
Тавре  ки аз Вазорати  корҳои  хориҷии  ҶТ  хабар  доданд,  Кумитаи  кор  бо  ҷавонон,  варзиш  ва  сайёҳии  ҶТ  дар  ҳошияи  чорабиниҳо  бахшида  ба  ин  санаи  фархунда конфронсҳои байналмилалиро  дар  мавзӯъҳои  «Проблемаҳо  ва такмили  роҳҳои  тарбияи  ҷавонон  дар  рӯҳи  ватандӯстӣ» ва «Ҳифзи Модар – Ватан — вазифаи ҳар  мард» доир  менамояд.
Ғайр  аз  ин  ба  лоиҳаи  нақшаи  чорабиниҳои  асосии кишварҳои  Иттиҳод доир   намудани   конфронсҳои   илмию  амалӣ,  намоишгоҳҳо,  вохӯриҳо бо  қаҳрамонони  ҷанг  ва  ғайра  шомиланд.

Апрель 11, 2014 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш