Омодагӣ ба V-умин ниммарафони байналмилалӣ
Душанбе, 02.04.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Ба ифтихори Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, 19 апрел дар Душанбе V-умин ниммарафони байналмилалӣ гузаронида мешавад. Дар ин хусус шаҳрдории Душанбе қарори марбута ба тасвиб расонд.
Тибқи қарор Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута бо инобати дархости пешниҳодгардидаи Федератсияҳои байналмилалӣ ҷиҳати таъмини расмиёти даъват ва иштироки варзишгарони варзида, кумак барои дарёфти раводиди онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад. Инчунин Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии пойтахт вазифадор гардидааст, ки ҷиҳати ҷалби сарпарастон барои саҳм гузоштан дар баргузории ин мусобиқа унвонии раиси шаҳр пешниҳод ироа созад.
Ҳадаф аз ташкили ин чорабинии варзишӣ таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии варзиш дар кишвар аст.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Руқия Қурбонова-муовини раиси шаҳри Душанбе вогузор гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






