Осорхонаи М. Маҳмадалиев-туҳфа ба ҷашн
Восеъ, 9.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Саҳми яке аз фарзандони баруманди миллат, қаҳрамони меҳнат Миралӣ Маҳмадалиев дар рушди соҳаи кишоварзии мамлакат ва бунёди аксар иншооти маданию маишӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони собиқ хоҷагии ба номи Ленин, ҳоло ҷамоати деҳоти ба номи М Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ назаррас аст. Баҳри қадрдонии хизматҳои шоёни ин фарзанди миллат бо супориши Роҳбари Давлат қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти мазкур таъмиру навсозӣ шуда, осорхонаи Миралӣ Маҳмадалиев бунёд хоҳад шуд. Дар иншооти мазкур беш аз 50 нафар коргар аз ҶДММ «Шаҳриёр сохтмон» фаъолият дорад.
Ба иттилои масъулин соли ҷорӣ 100- солагии Миралӣ Маҳмадалиев таҷлил мешавад ва то рӯзҳои баргузории ҷашн сохтмончиён мақсад доранд, ки қасри фарҳангро бо сифати баланд ба истифода диҳанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






