Озмуни “Ҳаҷ-2014”натиҷагирӣ шуд
Душанбе, 07.04.2014. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2014”-ро натиҷагирӣ намуд.
Мувофиқи натоиҷи озмуни мазкур, имсол тақрибан 130 нафар роҳбалад дар мавсими ҳаҷ ба зоирони тоҷик хизмат мерасонад, ки ба ҳар 45-50 ҳоҷӣ як роҳбалад рост меояд. Синн аз 25 то 60, донистани забони арабӣ, на камтар аз як маротиба зоири хонаи Худо будан ва донистани маносики ҳаҷ аз шартҳои асосии озмун маҳсуб мешуд.
Дар озмун 250 нафар иштирок намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






