Пахши мустақими Паёми Президент тавассути ТВ ва радиоҳои давлатӣ
Душанбе, 22.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Фардо, 23 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар-Маҷлиси Олӣ бо Паёми навбатӣ баромад менамояд, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамон аст. Паёми Сарвари давлат мисли солҳои қаблӣ тавассути тамоми шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ мустақиман пахш мегардад.
Аз палатаи болоии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ба ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум, ки 23 апрел дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси Олӣ оғоз ёфта, баъдан дар Маҷмааи давлатии «Кохи ваҳдат» идома меёбад, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои ҳукумат, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, раисони шаҳру ноҳия, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон даъват гардидаанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






