Пасандозҳои шахсони воқеӣ 67,4 фоизро ташкил дод
Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон сол то сол ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ зиёд шуда истодааст. Аз маълумоти расмӣ бармеояд, ки бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар интиҳои моҳи марти соли равон 5 млрд. 647,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз зиёд мебошад.
Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 32,6 фоиз (ё 1 млрд. 840,3 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 67,4 фоиз (ё 3 млрд. 807,5 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд, ки ин аз баланд шудани боварии мардум ба бонкҳо шаҳодат медиҳад.
Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,49 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,11 фоизи солонаро ташкил намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






