Паём: 2014-2020 давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ эълон гардид
Душанбе, 24.4.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Сардори Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ супориш дод, ки дар 7 соли оянда ба фонди аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таъсисдодашудаи дастгирии соҳибкорӣ аз ҳисоби буҷет то як миллиард сомонӣ равона карда шавад. Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохт, ки низоми фаъолият ва назорати истифодаи маблағҳои фонд дуруст ба роҳ монда шавад. Маблағҳои фонд дар навбати аввал барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон пешбинӣ шаванд. Вобаста ба ин, пешниҳод намуд, ки солҳои 2014-2020 давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ эълон гардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






