Паём: 320 мВт иқтидори нав ба кор дароварда мешавад

Апрель 23, 2014 11:47

Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  «Рушди ояндаи иқтисодиёти кишварамон аз бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ вобастагии калон дорад.  Ҳукумати  мамлакат дар ин самт кушишҳои зиёд дорад.  Бо вуҷуди душвориҳои чандинсола ва сарфи маблағу вақти иловагӣ мо барои ташхиси мустақили байналмилалии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Роғун ва арзёбии таъсири экологиву иҷтимоии он ҳанӯз моҳи декабри соли 2007 ба Бонки умумиҷаҳонӣ муроҷиат карда будем. Ҳоло корҳои   ташхису арзёбии лоиҳа идома дорад ва тибқи нақша тобистони соли ҷорӣ ба охир мерасанд. Неругоҳи Роғун барои мо иншооти тақдирсоз мебошад ва мо корҳои барқарорсозии онро тибқи нақшаи бо Бонки умумиҷаҳонӣ мувафиқашуда пеш бурда истодаем. Бо мақсади рушди соҳаи энергетика то имрӯз хеле корҳо ба анҷом расида, аз ҷумла бо истифода аз ангишти худӣ сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе- 2 идома дорад, ки навбати аввали он имсол ба кор андохта шуд. Соли ҷорӣ неругоҳи барқи обии «Сангтуда -2» бо иқтидори 220 мВт ва навбати 2-юми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 бо иқтидори пурра, яъне 100 мгВт ба истифода дода мешавад. 
Дар маҷмӯъ, соли 2014 дар мамлакат 320 мВт иқтидори нав ба кор дароварда мешавад- иттилоъ дод 23 апрели соли 2014 Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ.
Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин ба ҳукумати мамлакат супориш дод, ки  барои таъмини пойтахт бо гармӣ ва барқ дар се соли оянда ҷиҳати то ба 400 мВт расонидани  иқтидори Маркази барқу гармидиҳии Душанбе- 2 чораҷӯӣ намоянд.
 
 
 

Апрель 23, 2014 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд