Паём аз ҷониби ҳамватанон бо таваҷҷуҳи хосса истиқбол шуд

Апрель 24, 2014 10:02

Душанбе, 24.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар дар аксар манотиқи Федератсияи Русия (ФР) низ ҳамватанони мо аз тариқи моҳвора ва интернет тамошо карданд. Дар шаҳри Краснодар барои тамошои дастаҷамонаи Паёми Сардори Давлат ҳамватанони мо — намояндагони касбу кори гуногун дар бинои ташкилоти ҷамъиятии тоҷикистониёни кишвари Краснодар -«Содействие» ҷамъ омаданд. Тоҷикони минтақаи Сибир низ паёми Сардори Давлатро дастаҷамона тамошо карданд. Бо ташаббуси ҷамъияти минтақавии тоҷикистониёни вилояти Новосибирск -«Дӯстӣ» бо роҳбарии Сияршо Абдуҷабборов ва соҳибкорони тоҷик Асомуддин Шоев ва Раҳимҷон Бобоҷонов дар шаҳри Новосибирск дар ду мавзеи будубоши оммавии ҳамватанони мо- дар марказҳои бонуфузи савдои шаҳр ташкил шуд.Мастибегим Ашӯрбекова, раиси ҷамъияти минтақавии тоҷикистониён — «Дидор» иттилоъ дод, ки Паёми Президенти мамлакат дар минтақаи Урали ФР низ аз ҷониби ҳамватанони мо бо таваҷҷуҳи хосса истиқбол шуд. Тамошои оммавии суханронии Сардори Давлат, ки тамоми паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишварро дар бар мегирифт, дар бинои ҷамъияти «Дидор» баргузор шуд. Тамошои дастаҷамонаи Паёми Сардори Давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Иваново, Самара, Сочи, ҳавзаҳои Шарқи дур ва Приволжие низ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ЧТ хабар доданд.

Апрель 24, 2014 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад