Паём тараннумгари ормонҳои миллист
Душанбе, 25.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Кормандони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Паёми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишварро сармашқи кор худ қарор медиҳанд. Дар ҷаласае, ки дар ҷамъияти мазкур доир гардид, таъкид шуд, ки муҳтаво ва мазмуну моҳияти Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ниҳоят баланд буда, фарогири тамоми мавзуоти марбут ба рушди соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар аст.
Оғоз намудани Паёми имсола бо сарсухан доир ба бистумин солгарди қабули нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат маҳсуб меёбад, ба мақсад мувофиқ аст, зеро бинобар суханони Сарвари Давлат: «Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд».
Дар ҷаласа ба ишораҳои Сарвари Давлат дар Паём ба соҳаи фарҳанг ва тараннуми дӯстӣ, ки як бахши умдаи фаъолияти Ҷамъияти дӯстист, мароқ зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки дар Паёми навбатии Президенти кишвар доир ба соҳаи фарҳанг ва ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ низ изҳори андеша сурат гирифт. Кормандони ҷамъияти дӯстӣ зикр намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро барномаи амалии худ қарор дода, фаъолияти худро тибқи нишондоди он роҳандозӣ менамоянд. Таъкид гардид, ки вазифаи кормандони Ҷамъияти дӯстӣ тибқи самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдориамон, ки дар Паём оварда шудааст, густариши фарҳанги сулҳ ва тақвияти ваҳдату ризоияти миллӣ аст.
«Мо муваззаф ҳастем, ки тавассути ривоҷи муносибатҳои ҳасанаи фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, таҳкими сулҳу дӯстӣ дар байни қишрҳо ва миллатҳои гуногуни Тоҷикистон дар осоиштагиву ободии кишвар, амну субот саҳми худро ҳарчи бештар гузорем», таъкид намуданд кормандони Ҷамъияти дӯстӣ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






