Паём: як млрд. сомонӣ барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ
Хоруғ, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев баъди тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти кишвар ба Мачлиси Олӣ ва мардуми ҷумҳурӣ роҷеъ ба суханронии Сарвари Давлат байни худ мубодилаи афкор намуданд. Устоди факултаи иқтисоди донишгоҳи мазкур Ниёзмамад Мамадаёзов гуфт, ки дар шароити муосир буҷаи аксарияти давлатҳои пешрафта аз ҳисоби инкишофи риштаи соҳибкорӣ, бахусус бахши хусусӣ таъмин мегардад. Дар кишвари мо низ бо муҳайё кардани шароити мусоид барои соҳибкорон, аз ҷумла оддӣ кардани сабти номи ширкату ҷамъиятхо ва корхонаҳои хурду бузург, сабукиҳо дар Кодекси андоз ва муқаррар намудани баъзе аз имтиёзҳо имкон дод, ки ин соҳа рӯ ба тараққӣ оварад.
Ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти кишвар гуфт, ки ҳарчанд дар ҷумҳурии мо ҳама гуна ашё` барои тавлиди молу маҳсулот мавҷуд аст, аммо ҳанӯз ҳам соҳибкорон ба истеҳсолот таваҷҷуҳи кам зоҳир мекунанд. Сарвари Давлат дар Паёми имсолаи худ бо мақсади рушди бемайлони соҳаи мазкур баён дошт, ки аз аввали соли 2015 бунёди махсус бо ҷалби 1 млрд. сомонӣ таъсис дода мешавад. Президенти кишвар таъкид дошт, ки аз нисф бештари ин маблағ барои беҳбудии сокинони манотиқи кӯҳистон равона мегардад. Ба гуфтаи Ниёзмамад Мамадаёзов ин тадбир барои бунёди корхонаҳои хурди коркарди пашму пӯст, меваю сабзавот, сангҳои қиматбаҳо кумаки беандоза мерасонад. Ба ин васила сатҳи бекорӣ дар деҳоти дурафтода коҳиш ёфта, сифати зиндагӣ ва рӯзгори мардум бамаротиб беҳбудӣ меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






