Пиронсолону маъюбон дар парастории давлатанд
Панҷакент, 8.04.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердиева) Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол вазъи нигоҳубини пиронсолон ва маъюбон, кўдакони ятиму бепарастор аз ҷониби муассисаҳои табобатӣ беҳтар мегардад, иброз намуд роҳбари хона-интернати пиронсолону маъюбони шаҳри Панҷакент Моҳира Амонқулова ба мухбири АМИТ « Ховар».
Ҳамасола шумораи эҳтиёҷмандон ба муассисаҳои табобатӣ зиёд мегардад. Ҳоло дар хона — интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент барои истиқомати доимии пиронсолону маъюбон, ки ба нигоҳубин ва хизматрасонии мошинию тиббӣ эҳтиёҷ доранд, тамоми шароит муҳайёст. Муассиса дорои бинои дуошёна буда, аз 100 кат ва ду шуъба иборат аст.
Роҳбарияти муассиса барои ободонӣ ва кабудизор гардонидани муассиса дар ҳаҷми 239 метри мураббаъ майдони гулзоркунӣ ташкил карда, 170 дона дарахти мевадиҳанда ва 50 дона дарахти сояафкан шинониданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






