Президент хостори лағви низоми раводид бо кишварҳои минтақа гардид
Душанбе, 23.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиаш ба Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси Олӣ хостори лағви низоми раводид бо кишварҳои ҳамҷавори Осиёи Миёна гардид.
Сарвари Давлати Тоҷикистон зимни баррасии сиёсати хориҷии кишвараш бо давлатҳои Осиёи Марказӣ гуфт, ки ҷонибдори густариши равобити ҳасана, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, равуои озоди одамону нақлиёт ва интиқоли бемамониати сармояву хизматрасониҳо буда, ҷиҳати таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ҷонибдори рафъи низоми раводид дар минтақа аст.
«Мо минбаъд низ ба анъанаҳои деринаву созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ содиқ мемонем», афзуд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари Давлати Тоҷикистон таъкид кард, ки бо ин мақсад дар муносибатҳоямон бо кишварҳои ҳаммарз ба пешбурди сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар, истифодаи воситаҳои дипломативу сиёсӣ дар ҳалли масоили баҳснок-марз, обу энергетика, афзалияти комил хоҳем дод. Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳояшро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ — Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон ҳамеша дар асоси дӯстӣ, эҳтирому эътимоди тарафайн, хайрхоҳӣ ва ҳамкории судманду созанда пеш хоҳад бурд.
Мавриди зикр аст, ки алҳол дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон низоми раводид вуҷуд дошта, рафтуои шаҳрвнадони Тоҷикистон ба Қазоқистону Қирғизистон бидуни раводид ҷараён мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






