Рӯзи дарҳои кушодаи осорхонаҳо
Душанбе, 4.04.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Фардо дар ҷумҳурӣ рӯзи дарҳои кушодаи осорхонаҳо зери унвони «Як рӯзи ҷумҳуриявии тамошои осорхона» доир мегардад,- гуфт Шаҳло Абдуллоева, сармутахассиси Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ- фароғатии ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.
Чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати фарҳанги кишвар ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба иқтидор, хусусиятҳои табиӣ ва таърихию фарҳангии кишварамон дар қатори дигар самтҳои соҳаи сайёҳӣ, туризми таърихиву фарҳангӣ ва этнографӣ низ ҳамчун самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ эълон гардидааст.
Дар робита ба ин мақсад аз баргузории чорабиниро масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар рушди туризми дохилӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси фарҳангии кишвар, ҳамчунин бобати иҷрои Протоколи ҷаласаи 12-уми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






