Рӯзи осорхона кадом аст?
Душанбе, 4.04.2014. АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Ахиран дар баъзе аз расонаҳои хабарӣ хабаре пайдо гардид, ки рӯзи 5 уми апрел ҳамчун рӯзи байналмилалии осорхона таҷлил мегардад, аммо ба гуфтаи директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарипов рӯзи байналмилалии осорхона дар саросари дунё 18-уми май таҷлил мегардад ва дар Тоҷикистон низ ин санаро ба таври расмӣ таҷлил менамоянд.
Аз 8-ум то 18 уми майи соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир ба Рӯзи байналмилалии осорхона чорабиниҳо бо иштироки меҳмонони хориҷ аз кишвар дар назар дошта шудааст, гуфт мавсуф.
Абдувалӣ Шарипов ҳамчунин зикр намуд, ки тамошои осорхона дар рӯзи 18 -уми май ройгон ба роҳ монда шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






