Рӯзноманигори швейтсаргӣ дар меҳмонии АНМН
Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 17 апрели соли ҷорӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ Рустам Назаров рӯзноманигори швейтсарӣ Андре Видмарро, ки як силсила агентиҳои мустақили итттилоотии аврупоӣ, аз ҷумла нашрияи олмонии “Нойес Дойчланд”-ро намояндагӣ менамояд, ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ Р. Назаров оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, Афғонистон, минтақаи Осиёи Марказӣ, сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва нақши Тоҷикистон дар низоми байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар нақл намуд.
Роҳбари агентӣ оид ба натиҷаҳои вохӯрии байналмилалии “Муколамаи Душанбе” бо иштироки вазирон-сарони мақомоти зиддимухаддиротии Афғонистон, Эрон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, ИМА, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия ва Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, арзёбӣ ва пешгӯии инкишофи вазъи нашъмандӣ дар минтақа иттилоъ дод.
Пас аз вохӯрӣ рӯзноманигор бо кори ташхиси судӣ шинос шуда, аз анбори нигоҳдории маводи нашъаовар дидан намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






