Роҳҳои афзалиятноки татбиқи барномаи давлатӣ
Душанбе, 04.04.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2014 дар Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷиҳати татбиқи “Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020” зимни баргузории муҳокимаи парлумонӣ имрӯз дар Душанбе баррасӣ гардид.
Зикр шуд, ки солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмин ва дастрасии аҳолии кишвар бо оби тозаи нӯшокӣ тадбирҳои судманд меандешад. Яке аз чунин тадбирҳо қабули “Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020” аст.
Барои марҳила ба марҳила амалӣ намудани барномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиону 324 ҳазор сомонӣ сарф менамояд. Татбиқи ин барнома омили муҳимест дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеа.
Дар муҳокимаи парлумонӣ, ки дар радифи вакилони Парлумон, инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбута иштирок доштанд, роҷеъ ба роҳҳои афзалиятноки амалӣ намудани “Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020” табодули назар намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






