«Росавиатсия» бурдани ҳама гуна моеъро иҷозат дод
Душанбе, 03.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бино ба иттилои Агентии «Интерфакс» Садорати федеролии нақлиёти ҳавоии Русия («Росавиация») тасмим гирифтааст, ки қарори пешинаи худро роҷеъ ба манъ кардани дар бори дастӣ гирифтани ҳама гуна моеъ бекор намояд.
Намояндаи «Росавиатсия» иброз дошт, ки аз 2 апрели соли ҷорӣ тафтиши дигарбораи пешазпарвозӣ, ки чораҳои иловагиро тақозо мекард, дар фурудгоҳҳои Русия бардошта мешавад.
Манъи бо худ гирифтани ҳама гуна моеъ аз 11 январи соли 2014 ҷорӣ гардида, тақозо мешуд, ки ҳама гуна моеъ, ҳатто барои истифодабарии шахсӣ бағоҷ карда мешуд.
Бо содир шудани чунин амр фурудгоҳи Душанбе низ метавонад ҷиҳати бо худ гирифтани ҳама гуна моеъ дар хатсайрҳои кишвари Русия тафтиши иловагиро аз сар гирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






