Рушди ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Хуҷанд ва Швейтсария
Хуҷанд, 03.04.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии шимоли кишвар бо ширкатҳои Швейтсария рушд хоҳад ёфт. Чунин буд хулосаи яке аз масъалаҳое, ки зимни мулоқоти намояндаи Палатаи савдои Швейсария ва кишварҳои Муштаракулманофеъ Юрий Морару бо раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баррасӣ шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд зимни суҳбат минҷумла доири рушди самтҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд маълумот дода, зикр намуд, ки имрӯз ташкилоту муасиссаҳои шаҳр чанд лоиҳаи муштаракро амалӣ намуда истодаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода дар ин раванд ҷониби Ҳукумати Швейтсария ва соҳибкорони ин кишварро даъват намуд, то дар иҷрои онҳо шарик бошанд.
Аз ҷумла зимни суҳбат ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳар ду кишвар, ҳам Швейтсария ва Тоҷикистон аз нигоҳи мавқеи ҷуғрофӣ, захираҳои табии, дорои минтақаи кӯҳӣ будан бо ҳам мақоми ҳамсон доранд.
Дар ин замина, тарафҳо дар доираи рушди ҳамкориҳо дар самти равобити иқтисодӣ, мисли таъсиси корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, истифодаи таҷҳизоти муосири саноатӣ, инчунин табодули таҷриба дар самти рушди сайёҳӣ дар ин минтақаи зебоманзари шимоли Тоҷикистон ва ривоҷи ҳамкории бештарро аз самтҳои афзалиятнок баён намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






