Русия омодаи дастгирии соҳаи туризми Тоҷикистон аст
Душанбе, 11.04.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов бо муовини директори генералии ширкати “Аргументы и факты” Марина Маракушина баргузор шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо рушди туризм ва тарғибу ташвиқи захираҳои туристии ҷумҳурӣ дар чанд соли охирро баррасӣ намуданд.
Зикр гардид, ки ҷониби Русия барои боз ҳам пурқувват гардидани соҳаи туризм дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуда, мавқеи Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳонии туристӣ пурқувват гардонида, барои афзоиши боздиди дўстдорони сайру саёҳат аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мусоидат менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






