С.Юсуф: «Ман кишвари шумо ва забони форсиро дӯст дорам»

Апрель 7, 2014 16:36

Душанбе, 07.04.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина  Пасторова). – Бунёди «Эҳё ва умед» — и  Русия  дар  шаҳри  Маскав натиҷаи озмуни  расмҳои  кӯдакони  имкониятҳояшон  маҳдудро   ҷамъбаст  намуда,  сипас  консерти  сарояндаи  машҳури Британиё  Самӣ  Юсуф  баргузор гардид. 
Назар  ба  гуфтаи  роҳбари «Тоҷикинфо» — и  Тоҷикистон  Ғуфрон  Ваҳобов,  сарояндаи  номӣ  сурудҳояшро ба  тоҷикию  форсӣ замзама намуд, ки мавриди мақбулу таҳсини  аҳли  толор  гардиданд. 
Қобили  зикр  аст, ки  дар озмуни Бунёд беш  аз 350  нафар  кӯдакони 8  кишвар,  аз  ҷумла  кӯдакони  ятим  ва имкониятҳои  ҷисмониашон  маҳдуд  иштирок  доштанд. 

Апрель 7, 2014 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш