Саҳми байторон дар рушди чорводорӣ
Шаҳринав, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф). — Дар маркази таълимии Ассотсиатсияи байторони ноҳияи Шаҳринав суҳбати мизи мудаввари мутахассисони соҳаи чорводорӣ бо роҳбари барнома, агроном- иқтисодчӣ барои барномаҳои рушди хоҷагии қишлоқ дар Иттиҳоди Аврупо Питер Олдхан баргузор гардид. Дар ҷамъомад раиси Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон Маҳмадназар Қошқулоев, сардори Хадамоти назорати байторони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Муллоҷон Амирбеков, менеҷери барномаи миллии рушди чорводорӣ дар ноҳияи Шаҳринав Зоҳиршо Мӯсоев, муовини раиси ноҳияи Шаҳринав Фатҳулло Раҷабов, сардори Раёсати назорати давлатии байтории ноҳияи Шаҳринав Аслиддин Ҳамдамов ширкат доштанд.
Рушди соҳаи чорводорӣ, боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти мутахассисони соҳаи байторӣ, сари вақт гузаронидани сӯзандору ва пешгирии бемориҳои гуногуни чорво, роҳҳои эмин нигоҳ доштани чарогоҳҳо аз сирояти бемориҳои гуногуни ҳайвонот ва ба ин восита эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз бемориҳое, ки тавассути маҳсулоти ширию гӯштӣ ба одам мегузарад-мавзӯи асосии суҳбати аҳли ҷамъомад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






