СААД муборизаро бо таҳдидҳои ҷаҳони муосир тақвият мебахшад
Душанбе, 17.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ баргузор гардид, ки дар он ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Дар назди ҳайатҳои парлумонии СААД Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ суханронӣ намуда, гуфт, ки СААД, алҳол сиёсати фаъолро бо омилҳои зиёди ҷаҳони муосир пеш бурда истодааст.
Таъкид гардид, ки бо ташаббуси СААД неруҳои дастаҷамъонаи эътинои фаврӣ таъсис дода шуданд, ки вазифаи онҳо инъикоси агрессияи низомӣ ва гузаронидани амалиёти махсус дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб, хусусан терроризми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромарзист. Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон бо истифода аз иқтидори СААД ҷалб намуда, гуфт, ки рисолати СААД таъмини субот ва амният дар марзҳои кишварҳои аъзои ин созмони бонуфузи сиёсию низомист. Зикр шуд, ки авзои феълии минтақа ва ҷаҳон, инчунин дигар таҳдиду изтиробҳои ҷомеаи муосир кишварҳои аъзои СААд-ро водор месозад, ки дар самти таъмини субот ва амнияти минтақа, инчунин ҳифзи истиқлолияти ҳудудию давлатии худ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.
Дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД ҳамзамон масоили марбут ба фаъолгардонии нақши ин созмони сиёсию низомӣ дар мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҳкими ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва соири масоили марбут ба ҳамкориҳои кишварҳои узви СААД матраҳ гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






