Сабқати футболбозони ҷавон
Хоруғ, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бо ибтикори Парлумони ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Маркази ҷавонон мусобиқа аз намуди футболи хурд байни маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ баргузор гашт. Ин сабқат се ҳафта давом дошт ва дар он 9 дастаи футболбозон аз аксарияти навоҳиву шаҳр иштирок карданд,- иброз дошт аъзои ин Парлумон Солеҳҷон Аминҷонов.
Ба гуфтаи мавсуф онҳо кӯшиш доранд, ки дар остонаи Рӯзи ҷавонон чунин мусобиқаҳоро байни наврасону ҷавонони деҳоти дурдаст баргузор намоянд, зеро варзиш на танҳо ба тани ҷавонону наврасон неру мебахшад, балки онҳоро бо ҳам муттаҳиду тифоқ месозад. Солеҳҷон Аминҷонов гуфт, ки ҳар қадар ҷавонони манотиқи мухталифи кишвар бо ҳам дидору гуфтугӯ кунанд, ҳамон қадар бештар бо ҳам ошнову қарин мегарданд.
Дар сабқати мазкур дастаи футболбозони маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ва дастаи ноҳияи Мурғоб ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд ва баъди рақобати шавқовар бозингарони дастаи Тирчид пирӯзӣ ба даст оварданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






