Садама бо натиҷаи нохуш
Душанбе, 07.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ронандаи мошини тамғаи «Opel — Vektra», Аминов Гулмаҳмад Сайвалиевич, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рашт ба тарафи шаҳри Душанбе, дар километри 83-юми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол қоидаҳои бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, мошинро аз баландии 80 метр ба ҷарӣ чаппа намудааст.
Дар натиҷа ронандаи мошини мазкур Г.С. Аминов ва мусофири он Маликамоҳ Аминова, соли таваллудаш 1936, сокини деҳаи Навдии ҳамин ноҳия, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари мошин Моҳирахон Аминова, соли таваллудаш 1976, Кароматулло Тоиров, соли таваллудаш 1998, Салават Ёнқулова, соли таваллудаш 1948, Амрулло Тоиров ,соли таваллудаш 2008, сокинони деҳаи Навдӣ ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






